Меҳриниссо Ҳоҷибоева: Президент ба ман гуфт, ки…

Posted On 20.01.2010

Filed under Uncategorized

Comments Dropped leave a response

МЕҲРИННИСО ҒАНИБОЕВНА ҲОҷИБОЕВА

Ҳунарпешаи театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа
Хатмкардаи риштаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати ҶТ, ба номи Мирзо Турсунзода (1980);
Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988);
Барандаи дипломи актёрҳои овозхони Тоҷикистон, ҷойи аввал (соли 2002);
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2009).
Оиладор, соҳиби се фарзанд – Парвиз, Хусрав, Шаҳром ва як набера — Меҳрона.

«Унвон як нишони қадрдонии заҳматҳо, эҷодиёт асту таҳрикдиҳанда ба пешрафту такмили ҳунару маҳорат. Аммо ман ҳамон ҳунарпешае, ки то ин лаҳза будам, ҳамон ҳастам. Албатта, ин эҳсос ҳам дар банда ҳаст, ки унвони нав энержии нав ба ман дода, маро водор мекунад, ки боз ба ин унвон дарвоқеъ сазовор буда бошам…»

Меҳриниссо Ҳоҷибоева нахустин зани ҳунарманди театр дар водии Вахш аст, ки ба дарёфти унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон шарафёб шудааст. Ҳамин ахиран хонум Ҳоҷибоеваро Президенти Тоҷикистон дар баробари шаш ҳунарманди дигари кишвар бо унвону нишони олӣ дар соҳаи фарҳанг қадр кард. Меҳриниссо мегӯяд, ки дарёфти унвони нав барояш маънои онро дорад, ки имрӯз ҳам ҳунар қадр мешавад, бо ин вуҷуд ки театрҳо тамошобини зиёд надоранд ва ҳунармандон ҳам ҳақмузди ночиз мегиранд.

Аввалин нафаре, ки пайки дарёфти унвони нави Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро ба худи Меҳриниссо расонидааст, сарвари театр Аловиддин Абдуллоев будааст: «Аловиддин чанд рӯз пештар хабардор шуда, ба ман занг зада, табрик кард. Азбаски вай шӯхтабиат аст, аввал боварам наомад. Баъдан Аловидин гуфт, ки бояд рӯзи 7-уми сентябр соати 12 ба қабули Ҷаноби олӣ равам, то ки вай тӯҳфаи маро тақдим кунад…»

Аммо Меҳриниссо дар оила дуввумин Ҳунармади мардумист. Пеш аз ӯ ҳамсараш Бурҳониддин Раҷабов, коргардони маъруфи театр ва ҳоло сардори идораи фарҳанги Хатлон, унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дарёфтааст. Вай мегӯяд, ҳамин таҷрибаи ғанӣ ва дастгириву роҳнамоии ҳамсараш буд, ки ӯ низ барои такмили маҳорат ва ҳунараш пайваста кӯшиш мекардааст. Ба ин чиз Президенти кишвар ҳам ҳангоми тақдими унвони нав ба Меҳриниссо таъкид кардааст:
«Ҷаноби Олӣ ҳангоми тақдими нишону унвон пеш аз ҳама маро табрик гуфтанд. Муборак шавад ба Шумо унвони олӣ, ташаккур ба Шумо. Ва ҳатто ҳаминро ҳам гуфтанд, ки хизмати шавҳари Шумо ҳам барои фарҳангу санъати тоҷик хеле зиёд аст. Ташаккур барои оилаи шумо. Ин сухани ҷаноби Президент бароям бисёр ғайриинтизор буд, аммо хеле хушам омад…»

Меҳриниссо Ҳоҷибоева унвони нави худро мешавад гуфт, ки 21 сол интизор буд. Вай баъд аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 1980 ҳамроҳ бо ҳамсараш Бурҳониддин Раҷабов ва як гурӯҳи ҳамкурсон ба театри халқии Қӯрғонтеппа ба кор омад. Аввалин намоишномаи бозидаи Меҳриниссо дар театри Қӯрғонтеппа «Эшони Илоанта ва Қории Хиромон»-и Абдусалом Атобоев буд. Вай мегӯяд, ӯву ҳамсабақони донишгоҳиаш ба театри Қӯрғонтеппа се намошномаи нави дипломӣ — «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ, «Хостгорӣ»-и Чехов ва «Капилка»-и драматурги фаронсавӣ Эжен Лабиш оварданд ва дар репертуари театр ворид карданд.

Пас аз як соли фаъолият театри халқии Қӯрғонтеппа ба театри касбии мусиқӣ-мазҳакавӣ табдил шуд ва бо гузашти ҳамагӣ 7 сол Меҳринисо Ҳоҷибоеваи 28-сола якумин ҳунарпешаи ин театри касбии мусиқӣ-мазҳакавӣ буд, ки бо унвони Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Унвони нав барояш энержии тоза бахшид, Меҳриниссо бисёр ба кор дода шуд, ба ҳадде ки тифлаки навзодашро бо худ ба гастролҳо мебурд: «Аллакай театр хонаи дуввуми ман шуда буд. Бе театр зиндагии худро дигар тасаввур ҳам карда наметавонистам. Вақте ки фарзанди калониам шашмоҳа шуд, ман аллакай ба кор баромада будам. Гаҳвораи Парвизро гирифта, ба гастролҳо мерафтам. Гуфтан мумкин аст, ки вай дар ҳамин сафарҳои ҳунарии мо ба воя расид. Шояд аз ҳамин сабаб Парвиз пайрави касби волидонаш шуд ва ҳоло дар хизмати санъати тоҷик аст…
Меҳри санъат ба ҳадде дар замири мо ҷой гирифта буд, ки баъзан мешуд, ки ба хона дер меомадем, духтар, ки надоштам, ба ҳама кор баъзан дастам намерасид. Баъди намоишномаҳо хаста ба хона мерасидем ва гоҳе ғизои хунук ҳам тановул мекардем…»

Аз хонум Меҳриниссо пурсидам, ки оё ҳамсараш ба фаъолияти ҳунарии вай чӣ гуна баҳо медиҳад, оё рашк дар муносиботи ин ду Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҷойи по пайдо мекунад? Вай гуфт: «Ростӣ, дар пайи зиндагии муштараки қариб 30-сола мову Бурҳониддин ҳеҷ муноқишае, ки ба рашки ҳамдигарӣ марбут бошад, надоштем. Ҳама корамон дар асоси боварии ҳамдигарӣ анҷом мешавад. Ҳамсари ман коргардон ҳастанд. Тақрибан тамоми намоишномаҳое, ки дар он нақш бозидаам, таҳияи он кас мебошад. Гоҳе мешуд, ки ҳатто барои образҳои сунъӣ маро накӯҳиш медоданд, мегуфтанд, ки дар саҳна ҳама нақшро бояд табиӣ бозид, хоҳ нақши мода расту хоҳ нақши ҳамсари нафаре. Аввалҳо қаҳрам меомад аз ин ҳама сахтгириҳо, аммо дигар дарк кардам, ки ин ҳама ба манфиати ман аст…»

Меҳриниссо ба ҷуз аз ҳунармандии театр, ҳамчунин овозхонӣ ҳам мекунад. Ӯро шояд бештар ҳамчун овозхони хушсалиқа мешиносанд. Ва худи хонум Меҳриниссо ҳам истисно намекунад, ки шояд ҳамин ҳунараш ҳам барои дарвоқеъ мардумӣ шуданаш мусоидат кардааст:«Азбаски театри мо театри мусиқӣ-мазҳакавӣ аст, мо бояд дар намошномаҳо ба ғайр аз актёрӣ ва образофарӣ, ҳамчунин овозхонӣ ҳам кунем. Барои ҳамин овозхонӣ ба ҳунари актёрии ман бисёр кӯмак мекунад, якдигарро комил мекунанд.
Ҳоло ба нақша гирифтаам, ки бояд албатта албоми сурудаҳои худро нашр кунам. Ман бо шоира Хосият Вализода ҳамкорӣ дорам. Ба наздикӣ 10 шеъри шоираро интихоб карда, ба оҳанг даровардам. Мо якҷоя маҳфилҳои ширу шакар ҳам доштем дар вилоят. Албоми нави банда ҳам пурра аз сурудаҳое ба матни Хосият Вализода иборат хоҳад буд…»

Меҳриниссо Ҳоҷибоева – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳамакнун бо энержии тоза ва илҳоми дигар ҳар рӯз вориди театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови Қӯрғонтеппа мешавад. Вай алъон ба таҳияи намошномаи нави «Тавҳид» машғул аст. Ва ояндаи наздик намоишномаи нави ду Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон – Меҳриниссо Ҳоҷибоева ва коргардон-таҳиягар Бурҳон Раҷабов ба маърази тамошобини хатлонӣ гузошта хоҳад шуд.
Меҳриниссо нақшаҳои зиёди ҳунарие дар пеш дорад, ҳарчанд, ба назар, ба ҳама муваффақияте, ки як ҳунарманд метавонад орзу намояд, расидааст. Ва бошад, ки сафинаи орзуҳояш ба соҳилҳои мурод бирасад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s