ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ АЛАЙҲИ 45 МАРДИ ДУЗАНА

Дар пайи ҷанҷолу кашмакашиҳои занони якуму дуввум ва шикояти онҳо ба милиса, бисёрникоҳии 45 мард ошкор шуда, онҳо бо иттиҳоми «дузанагӣ» ба муҷозот кашида шуданд. Мақомот мегӯянд, ки дар байни «дузанаҳо» ягон нафари мансабдор набудааст.

Мастура (исми мустаор), зани 34-сола аз ноҳияи Бохтар, чаҳор сол қабл бо амри волидон бо марди зану фарзанддоре издивоҷ кард. Никоҳи Мастура дар қайди давлатӣ нест, чун вай ҳамсари дуввум ва ғайрирасмии шавҳараш аст. Бо гузашти чаҳор сол аз бастани никоҳи мусалмонӣ ва ҳамзистӣ бо шавҳараш, Мастура соҳиби ду фарзанд шуда, дар хонаи иҷора ба сар мебарад. Аммо ҳоло, ба гуфтаи вай, шавҳараш аз таъминоти ӯ ва фарзандонаш даст кашида, мехоҳад никоҳи исломиашро ҳам бибурад.

Хонум Мастура мегӯяд, бо шунидани тасмими шавҳараш бемору бистарӣ шуда, ҳоло намедонад чӣ кунад ва бо кӯдакони хурдсолаш ба куҷо биравад:

«Ман худам касал ҳастам, нав аз беморхона фориғ шудам, талхаамро гирифтаанд. То ҳамин рӯз ба ягон мақомот муроҷиат накардем, ки боз фардо аз мо хатое содир нашавад, ба ин умед, ки аз фикраш бармегардад. Қаҳри одамӣ аст, паст мешавад. Боз фарзандонашро нигоҳ мекунад, лекин то ҳамин рӯз, чанд моҳ мешавад, ки зери таъсири зани аввалааш, моро суроғамон намекунад. Ман даъво намекунам, ки оилаи якумаш ҳам вайрон шавад, аммо ҳаёт як бор меояд, ба ман ҳам оилаи солим лозим аст, ба ман чизу пул даркор нест, ҳаёти худ ва кӯдаконам хуш гузарад, кофист…»

Хонум Мастура афзуд, барои фарзандонаш тарбияи падар зарур аст ва ҳамчунин бори гарони таъминоти оила барои ӯ дар оянда сангин хоҳад буд. Аммо азбаски никоҳи ӯ дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба расмият дароварда нашудааст ва кӯдаконаш ҳам шаҳодатномаи таваллуд надоштаанд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамсарашро намедонад аз кадом роҳ талаб кунад.

Бо ин ҳол, ҳамсари Мастура, ки бояд ояндаи наздик ба як мақоми баландпоя таъин шавад, ба хотири карйерасозӣ ва ба истилоҳ, «суғуртаи кори худ» гуфтааст, ки аз зани дуввумаш даст хоҳад кашид. Зеро вай шояд медонад, ки Қонуни асосии Тоҷикистон бисёрникоҳиро мамнӯъ дониста, тибқи банди 170-уми Кодекси ҷиноятии кишвар, барои «дузанагӣ» ё «серзанагӣ» ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Мастура аввалин ва ягона бонуи хатлоние нест, ки зани дуввуми марде шудааст. Коршиносон ва мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, бисёрникоҳӣ дар қаламрави ин минтақа ба истилоҳ, «гапи нав» нест.

Зеро танҳо дар нӯҳ моҳи аввали имсол дар Хатлон 45 мард бо ҷурми бисёрзанӣ ба муҷозот кашида шудаанд. Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон, бо тасдиқи ин хабар, гуфт, ки дар бештари мавридҳо масъалаи ду зан доштани мардҳо ҳангоми ҷанҷоли занони онҳо фош мешудааст:

«Асосан ҳамон ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаву парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз мегарданд, ки шаҳрванд бо ду ва ё зиёда аз он зан хонадор аст, хоҷагии якҷоя мебарад, аз тарафи яке аз занҳояш арзу шикоят ба ин ё он мақомот ворид мешавад. Зимнан, азбаски қонун бисёрникоҳиро манъ мекунад, нисбат ба чунин афрод парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад».

Дар ҳамин ҳол, додситонии Хатлон мегӯяд, ҷиноёти марбут ба бисёрникоҳӣ бештар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Ҷалолиддини Румӣ, Шаҳритус, Қубодиён ба қайд гирифта мешаванд ва бештар соҳибкорон, муҳоҷирони кории ба ватанбаргашта ва афроди доро бо чанд зан зиндагӣ мекардаанд.

Аммо ба гуфтаи Юсуфҷон Юсуфзода, муовини додситони Хатлон, дар робита ба бисёрникоҳӣ дар минтақа танҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст:

«Асосан ин навъи ҷиноят ба категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин шомил мешаванд. Ҳамин 11 парванда ҳам танҳо баъди ҷанҷоли занҳои якуму дуюм, дар асоси аризаи яке аз ин занҳо кушода шудаанд…»

Додгоҳҳои минтақа ҳам иқрор мекунанд, ки дар ин авохир баррасии парвандаҳои марбут ба «дузанагӣ» як амри маъмулӣ шудааст. Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи Хатлон, мегӯяд, аммо ҳеҷ нафар аз онҳое, ки дар бисёрникоҳӣ муттаҳам шудаанд, мақоми баландпоя ё шахси мансабдор набудааст:

«Ҳастанд, ин хел парвандаҳо кам нестанд. Аммо ин ки оё нисбат ба ягон шахси мансабдори калон бо ҳамин гуноҳ парвандаҳо ба суд расидааст ё не, то ҷое медонем, нест ин хел парванда. Лекин ҳоло мегӯянд, ки дар парлумони кишвар ҳамин гуна таклифҳо шудааст, ки ҳамин моддаи марбут ба дузанагӣ аз кодекси ҷиноятӣ гирифта шавад. Ҳар гуна баҳсҳо рафта истодааст. Аммо ҳоло, ки чунин мода дар кодекс мавҷуд аст, дузанагӣ ҷиноят ҳисоб мешавад. Агар дар оянда ин модда бардошта шавад аз кодекси ҷиноятӣ, ин хел парвандаҳо дигар ба судҳо нахоҳанд расид…»

Дар шарҳи сабаби афзоиши бисёрзанӣ дар Хатлон чанд омил зикр мешавад. Нахуст, пайомади ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки ҳазорҳо зан бешавҳар ва даҳҳо ҳазор кӯдак бепадар шудаанд. Гузашта аз он, феълан шумори қобили мулоҳизаи ҷавонон ва мардони қобили кор дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, бахши аъзами онҳо ҳанӯз оиладор нашудаанд. Ва низ, омори расмӣ мегӯяд, шумори занон дар миёни аҳолии вилояти Хатлон аз мардон бештар аст.

Латофат Чориева, коршиноси масоили гендерӣ, мегӯяд, агар барои дузанагӣ одамонро ба муҷозот бикашанд, пас лозим меояд, ки ҳар чаҳорум мард ҷазо бигирад.

Ва аммо Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раҳбари созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ба хотири пешгирӣ аз ғӯта задани ҷомеа ба фасод ва дар ҳоле ки дини Ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам инро манъ накардааст, парлумони кишварро мебояд дар масъалаи манъи бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунад:

«Вақте ки Худованд дар Қуръон иҷозат додааст, ҳеҷ вақт ин ба зарари башарият нест. Аз авали офариниши инсон то имрӯз ҳар касе, ки ҳар қонуне вазъ кардааст, ки мухолифи Қуръону суннати ҳазрати Муҳаммад (с) уфтодааст, ин қонун ҳатман ба шикаст дучор омадааст. Назар ба ин ки ба фарҳанги ғализ бирасем, ки фарз кардем, як мард зан дораду беникоҳ биравад бо ҳар хел занҳои дигар хуфтухезу муомилаи ҷинсӣ кунад, беҳтар ин аст, ки қонун бисёрникоҳиро расман иҷоза бидиҳад, чуноне, ки қонуни ислом инро иҷоза додааст…»

Бо ин ҳол, қонунҳои Тоҷикистон бисёрникоҳиро ҷиноят мешуморанд. Агар ошкор шавад, ки марде бо ду ва ё якчанд зан зиндагонии муштарак дорад, вай бояд аз 35 то 70 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад, ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё бо ҳабс аз се то шаш моҳ ҷазо дода шавад.

Вале маълум нест, ки баъд аз додгоҳ тақдири минбаъдаи марди дузана чӣ мешавад? Оё баъди адо кардани ҷазо вай чӣ кор бояд кунад? Аз ҳамсари дуввум ва фарзандонаш даст кашад, оилаи дуввумаш бояд ҳатман барҳам зада шавад, ё баъдан ӯ метавонад бидуни мушкил дар як вақт бо ду зан оиладорӣ бикунад?

Ин саволҳои боз аст.

Аммо як додраси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки «шаҳрванд барои содир намудани як ҷиноят ду бор ба муҷозот кашида намешавад».

4 моҳи интизориву умеди бесуди мардум. ГАЗИ КОЛХОЗОБОД ТАЛКО МЕРАВАД!

Posted On 04.11.2010

Рубрика: Иқтисодиёт

Comments Dropped leave a response

Дар ҳоле ки беш аз 100 ҳазор сокини шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва навоҳии Бохтару Вахш дар се моҳи ахир аз истифодаи гази табиӣ дар манозили худ маҳруманд, ҳоло ин навъи сӯзишворӣ ба ширкати ТАЛКО ва корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе интиқол меёбад.

Маҳмуд Хоркашев, раиси корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии “Қӯрғонтеппагаз”, мегӯяд, ахиран ширкати “Тоҷиктрансгаз” ва корхонаи нафту газ ва ангишти Тоҷикистон дар бораи тасмими нави ҳукумати кишвар барои интиқоли гази маҳаллии истихроҷмешуда аз кони Қизилтумшуқи ноҳияи Румӣ ба бузургтарин корхонаҳои саноатии ТАЛКО ва тавлиди семент ба идораи гази минтақа огоҳинома фиристодаанд.

Ҷаноби Хоркашев афзуд, ин тасмими ҳукумат баъд аз коҳиш ёфтани ҳаҷми гази ворида аз Узбакистон, ки барои фаъолияти ин ду корхонаи саноатӣ истифода мешуд, гирифта шудааст:

“Асли ҳол ин аст, ки ба сабаби кам шудани гази воридотии Узбекистон, гази Қизилтумшуқи ноҳияи Румиро ба тарафи Душанбе мекашанд. То он ҷое, ки мо мефаҳмем ва аз мақомоти болоӣ пурсиш мекунем, ин ҳама амри муваққатист, ин масъалаи бисёр муҳимму ангезаи сиёсӣ дорад. Ин газ барои оз заводҳое, ки доим, бетанаффус бояд кор кунанд, интиқол дода мешавад. Якум – заводи алюминиуми тоҷик, дуюм – корхонаи истеҳсоли семент, ки барои иншооти муҳимми стратегии кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обӣ масолеҳ таҳия мекунанд ва бисёр аҳамиятноканд. Мо ҳам чизе гуфта наметавонем, чун ин корхонаҳои муҳимму муассир ба рушди иқтисоди кишваранд…”

Ҷаноби Хоркашев афзуд, ҳамарӯза то 40 ҳазор метри мукааб гази Қизилтумшуқ танҳо ба корхонаи алюминиум интиқол дода мешудааст. Ин газ тавассути лӯлаҳое ба ТАЛКО кашида мешавад, ки дар гузашта гази воридаи Узбакистон аз Душанбе ба водии Вахш интиқол дода мешуд.

Таҳвили гази маҳаллии Қизилтумшуқ ба корхонаҳои саноатии маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони Қӯрғонтеппа ва шаҳру навоҳии атроф низ аз қатъи интиқоли он ба манозилашон шикоят мекунанд. Шукурҷон Тағоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бори охир дар хонааш оташи газро дар моҳи июл дида буд:

“Шахсан ман пули истифода аз газро ҳар моҳ дар вақташ месупорам. Лекин се моҳ боз бегаз шиштем. Ин контролерҳои газ, ки ба хона биёянд, мепурсем, мегӯянд, ки одамон қарздор, барои ҳамин газ намедиҳем. Охир намешавад, ки одамонеро, ки пули газро намесупоранд, ба ягон навъи ҷавобгарӣ кашанд, аммо ба мо газ диҳанд. Ба ҷойи дигарон мо азоб мекашем, ин аз рӯйи адолат нест-ку.
Дар хонаҳои баландошёна баъзан барқ ҳам намешавад, ки зиндагӣ бисёр азоб аст. Мана имрӯз, ки барқ хомӯш шуда буд, газ нест, маҷбур шудем дар кӯча чой ҷӯшонда, набераҳоро хӯронда ба мактаб гусел кардем. Ҳоло ки зимистон омада истодааст, вазъият бадтар мешаваду беҳтар не…”

Ин ҳама дар ҳолест, ки корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» мегӯяд, қарзи аҳолии маҳаллӣ барои истифода аз гази табиӣ тақрибан ба як миллион доллари амрикоӣ расида, танҳо дар сурати пардохти ҳадди ақалл 50%-и он, имкони азсаргирии интиқоли ин навъи сӯзишворӣ ба манозили маскунӣ ба миён хоҳад омад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз интиқоли гази конҳои маҳаллӣ ба ТАЛКО хабар медиҳанд, бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳаҷми гази кони Қизилтумшуқ барои таъмини сад дар садии ин корхонаи азими саноатӣ нокофист.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Қаландар Садурдинзода мегӯяд, агар сифат ва ҳаҷми гази маҳаллӣ қобил ба корандозии ширкатҳои азими саноатӣ мебуд, дар навбати аввал корхонаи тавлиди нуриҳои минералии “ТоҷикАзот” дар шаҳри Сарбанд фаъол карда мешуд, ки дар ду соли ахир бекор “хобидааст”.

Ба иддаои ҷаноби Садурдинзода, гузашта аз ин ҳама, қатъи интиқоли гази табиӣ ба манозили мардуми маҳаллӣ боиси рӯ задани ҳазорҳо мушкили иҷтимоӣ ва мавҷи эътирозҳои сокинон хоҳад шуд. Бавижа пас аз он ки ояндаи наздик ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои мавсимӣ дар интиқоли нерӯи барқ дар назар аст:

“Мардумро аз неъмати табиӣ, ки на моли Узбакистон, балки аз худи мост, ҳоло бебаҳра сохтаанд. Албатта, шароити бегазию бебарқӣ ба сатҳи зиндагии мардум, бахусус бо омадани фасли сармо, таъсири ҷиддӣ хоҳад расонид. Мардум дар гузашта, замоне ки дар сармои зимистон барқ ҳам надоштанду об ҳам дар хонаҳои бисёрқабата набуд, фақат аз ҳамин газ барои таҳияи ғизо ва гарм кардани об истифода мекарданд. Аммо имсол агар вазъ ислоҳ нашавад, эҳтимол аст, ки бемориҳо дар миёни кӯдакон, афроди бемору ниёзманд хуруҷ кунад, кори шифохонаҳо бамаротиб меафзояд, ҳоли мардум бениҳоят вазнин мешавад, мутаассифона, шояд миони маргу мир ҳам рӯ ба афзоиш ниҳад…”

Бо ин ҳама масъулини идораи “Қӯрғонтеппагаз” таъкид мекунанд, ки ин мушкили сокинони маҳаллӣ муваққатист, аммо истифода аз гази кони Қизилтумшуқ ҳам барои гардон кардани кори электролизҳои корхонаи алюминиум дар айни ҳол ногузир мебошад.

Коршиноси соҳаи саноат Ҷӯра Рӯзиев низ бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта мегӯяд, фаъолияти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мутаваққиф шавад, зеро, фаразан, агар ин муассиса ҳамагӣ 40 дақиқа бидуни барқ монад, ҳудудан 30 миллион доллари амрикоӣ барои рафъи хисорот зарур меояд. Вай афзуд, барои барқарор кардани танҳо як электролизор то 40 ҳазор доллари амрикоӣ бояд масраф шавад, ки ин гуна электролизорҳо дар корхонаи алюминиум беш аз 800 адад аст.

20 ДОМУЛЛО БА СУД, 189 ШОГИРД КУҶО?

Мақомоти милисаи вилояти Хатлон алайҳи 20 домулло, ки ба қариб 200 кӯдаку наврас таълимоти ғайрирасмии исломӣ медоданд, парвандаҳои маъмурӣ боз карда, ба суд фиристодааст.

Муҳимтарин мавзӯи сӯҳбати сари роҳу маҳфилҳо дар ҳафтаи сипаришуда дар Хатлон ин буд, ки ахиран кормандони милиса 20 домуллоро, ки ба 189 ноболиғ таълимоти ғайриқонунии динӣ медодаанд, ошкор карда, нисбаташон парвандаҳо боз намудаанд.
Дар пайи нашри ин хабар дар расонаҳои мустақил, тавассути чанд шабакаи телевизионии Тоҷикистон ҳам наворе пахш гардид, ки дар он манзараи таълимоти динии хонагӣ ба сурати ваҳшатзо инъикос шуд. Чунин тасаввур ҳосил мешуд, ки ҳадаф аз тамошо додани “домуллоҳои ришакӣ” ва “мактаби кӯҳна”-и онҳо, ки кӯдакону наврасон ба таълими исломӣ фаро гирифта шудаанд, тарс додани одамон ва зери шакку шубҳа қарор додани кори мударрисон ва шеваю мӯҳтавои таълими онҳо мебошад.
Ровии барномаи телевизионӣ мегуфт, ки “солҳои охир маҳз ҷавонони гумроҳу саводи кофии динӣ нагирифта дар рафти таълим дар хориҷи кишвар, махсусан марказҳои динии кишварҳои исломӣ ба ватан баргашта, дар байни ҷавонону наврасон ақидаҳои номатлуби дииро, ки аз бегонагон омӯхтаанд, паҳн мекунанд. Ин омил сабабгори нооромиҳо гардида, дар байни ҷомеа тафриқаи динию мазҳабиро зиёд мегардонад…”

Домуллоҳо ба суд кашида мешаванд
Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, нахустин соҳибмақоме буд, ки аз ошкоршавии 20 мавриди таълимоти ғайрирасмии динӣ дар бархе аз шаҳру навоҳии водии Вахш хабар дод. Вай дар ҷараёни як нишасти матбуотӣ дар Қӯрғонтеппа гуфт, барои ба муҷозот кашидани мударрисоне, ки ба кӯдакон бидуни иҷозаномаи махсус таълими динӣ медодаанд, ба мақомоти судӣ муроҷиат шудааст. А. Бузмаков афзуд, ин муллоҳо ва «нимчамуллоҳо»-ро бар асоси моддаи 474-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пардохти ҳазорҳо сомонӣ ҷарима ба сифати ҷазо интизор аст: «Дар асоси оинномаи дин ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат шахсе метавонад ба додани маълумоти динӣ машғул шавад, ки дорои иҷозатномаи махсуси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар бошад, ҳамчунин бояд ризоияти падару модари толибилмон, иҷозаи ҳукумати ҳамон шаҳру ноҳияеро дошта бошад, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад ва низ Шӯрои уламои маҳаллӣ огоҳ бошад. Бояд таълимдиҳанда шаҳодатнома, сертификати фаъолият дошта бошад. Аммо, мутаассифона, он ҳолатҳое, ки мо ошкор кардаем, бар хилофи ҳамин талаботҳо буданд…»
Сардори РКД-и Хатлон аз зикри номи муллоҳое, ки кӯдакону ҷавононро ба таълимоти дини ислом дар хонаҳои худ ва масҷидҳо ҷалб кардаанд, худдорӣ кард, вале афзуд, ки онҳо аз ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус, Қумсангир, Ёвон, Вахш ва шаҳрҳои Нораку Қӯрғонтеппа ҳастанд. Милиса мегӯяд, таълим дар мадрасаҳои ғайрирасмии хонагӣ дар шароити бади вогиршиносӣ ҷараён гирифта, мӯҳтавои дарсҳо низ барои мақомот норӯшан будааст.

Танқиди вазъи таълим дар мактабҳо, ки “ба рафтани кӯдакон назди домуллоҳо сабаб шудааст”
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки бо вуҷуди часпу талоши мақомоти интизомӣ, ҳамоно уламои дин ба сурати ошкору пинҳон ба таълими кӯдакон идома хоҳанд дод. Зеро бар асоси қавонини шариат ва фармудаҳои Худову Расули ӯ, ҳар як олими дин бояд донишҳои худро ба насли баъдӣ интиқол бидиҳад.
Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раҳбари созмони хатлонии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, агар дар барномаҳои таълимии мактабҳои ҳамагонӣ дарсҳои исломӣ ва омӯзиши хати ниёкону забони арабӣ мавҷуд мебуд, кӯдакон барои омӯзиш ба назди муллоҳо ё ба масҷидҳо намерафтанд. Вай афзуд, шароити мадрасаҳои расмии исломии Тоҷикистон ва низ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таълими ислом ба ҷавонони тоҷик нокофӣ буда, танҳо ҳудудан 5 то 10 дарсади ҷавонони толибилм аз чунин шароит бархурдоранд.
Ба эътиқоди Азимҷон Ваҳҳобов, беҳтарин роҳи танзими вазъ, чӣ барои мақомоти ҳукумат ва чӣ барои уламои дину толибилмон, ин аст, ки дар макотиби расмии таҳсилоти ҳамагонӣ таълимоти исломӣ роҳандозӣ шавад: «Масалан, дар назди ҳар мактаб, ки дарми «маърифати исломӣ» омӯзонида мешавад, агар 1 ё 2 домуллои донишманд ба кор ҷалб карда шаванд, агар илми исломӣ бо таълимоти хубу мӯътадил ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шавад, агар дар мактабҳои миёна таълимоти Қуръон, дарсҳои ҳадис, фиқҳи Имоми Аъзамро роҳандозӣ кунем, фикр мекунам, ҳатто мамон муллоҳое, ки имрӯз дар хонаҳояшон дарс медиҳанд, аз ин кор даст бикашанд, чунки фарзандони мо озод ва ошкор талим мегиранд ва низ ба пинҳонӣ, дар хонаҳо дарс додан ҳам намемонад…»

Тарс ва ҳам талоши кӯдакон ба таълими динӣ
Шиддат гирифтани тафтишу санҷиши фаъолияти домуллоҳо аз ҷониби мақомот дар ин авохир бисёре аз сокинони маҳаллӣ ва иддае аз уламои динро нигарон кардааст. Ҳоло бархе аз сокинони маҳаллӣ омӯзиши фарзандони худро дар назди домуллоҳо манъ кардаанд, ё пӯшида нигоҳ медоранд.
Ахиран шоҳиди сӯҳбати гурӯҳе аз бачаҳои синни мактабӣ гардидам. Яқинан, онҳо ба ҷуз аз талим дар мактаби ҳамагонӣ, ҳамчунин шогирди домуллое буданду таълимоти исломӣ ҳам мегирифтанд. Аммо вақте хостам бо онҳо дар мавриди талими динӣ ва донишҳои исломиашон сӯҳбат кунам, онҳо бо чашми шубҳа ва ҳарос ба сӯйи банда назар карданд. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо кадом дастуре гирифтаанд, то аз ҳуввияти муаллими худ ва макони таълимашон ба касе чизе нагӯянд. Бо ин ҳол, аз яке аз онҳо пурсидам, ки «чанд сура медонад ва оё алифбои форсиро балад аст?»
Вай гуфт: «Ман 13 сура аз Қуръони маҷид ва ҳадисҳои зиёде медонам, аммо намехоҳам онро қироат кунам. Зеро шумо садои маро сабт карда, боз ба дасти милиса насупоред, ки моро ҷанҷол мекунанд, шояд маҳкам кунанд.
— Магар ягон бор шуда, ки милиса хондани сураҳоро бароятон манъ кардааст?
— Не, милиса танҳо масҷид рафтан намемонад моро, масҷид ҷойи кӯдак нест. Мо танҳо баъди дарсҳои мактаб, бегоҳиҳо ба назди домулло хонданӣ меравем…»

Исрор, даъват ва умедвории домуллоҳо
Бо ин ҳол, бисёре аз домуллоҳо мегӯянд, бо вуҷуди таъқиби мақомот ба таълими динии ҷавонону наврасон идома хоҳанд дод. Як домуллои солманд аз ноҳияи Бохтар, ки нахост номад зикр шавад, гуфт, чунин таълимоти исломӣ ҳатто дар замони Шӯравӣ дар манзилҳои шахсии уламои дин «пушти парда» сурат мегирифт ва мақомот наметавонистанд, бо фишору таъқибу «бадарғасозӣ»-ҳои олимони дин, идеологияи мазҳабии одамонро кунд кунанд. Вай афзуд, ба таълимоти динии наврасон танҳо «дар роҳи ризои Худованд» ва ба таври ройгон машғул аст ва ҳич қасди роҳгум кардани насли навро надорад.
Дар ҳамин ҳол, олими маъруфи дин Эшони Абдухалил, пешвои ҷараёни ҷаҳрияи тасаввуф, ки дар ноҳияи Ҳисор ба сар мебарад, низ изҳори умедворӣ кардааст, ки мақомоти давлат барои таълими исломии кӯдакону наврасони тоҷик шароит фароҳам меоварад ва то он замон, монеъи таълими динии насли наврас аз сӯйи уламои асили дин дар масҷиду хонаҳо нахоҳад шуд. Вай дар сӯҳбате бо ВВС гуфтааст: “…ҳеҷ як аз муридони ман мӯйи як мӯъминро накандааст ва даст ба силоҳ назадааст ва ба моли касе даст дароз накардааст. Ман аз соли 1958 то ба ҳол мударрис ҳастам ва таълим медиҳам. Дар муноқишаҳои солҳои 1990 низ ширкат надоштем. Мо умедворем, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ба тадриси шогирдон иҷозаи расмӣ диҳад. Зеро то илм наёмӯзем, худоро намешиносем. Ҳоло дар Тоҷикистон як мадрасаи ба номи Имоми Аъзам фаъолият карда ва ҳамаи ҷавонони алоқаманд ба омӯзиши исломро фаро гирифта наметавонад. Мо бояд кӯдаконро тадрис кунем. Афроди бедонишу бемазҳаб ба ватан хидмати лоиқ карда ва онро ҳифз карда наметавонанд”.
Ба қавли Эшони Абдухалил, домулло шудан фарзи кифоя аст ва барои аҳли омма донистани заруриёти дин, фарзи айн ва чил фариза лозим аст, то қаллобе ӯро аз мазҳабаш берун накунад. “Сонӣ биравад илми маишӣ, иқтисод бихонад. Ин чиз дар Қуръон таъкид шуда”, — меафзояд ӯ.

“Давлат тамоми шароитро фароҳам кардааст…”
Бо ин ҳол, мақомоти Хатлон мегӯянд, таълими ғайрирасмии исломӣ гирифтани кӯдакону наврасон ба шеваи таълими онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ асар мегузорад ва шояд онҳо аз мактаб канор монанд.
Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд, иддае аз домуллоҳо ва имом-хатибони масоҷиди панҷвақтаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии вилоят таҳсилкардагони мадрасаҳои исломии Покистону Ҳиндустон буда, мавъизаҳо ва дарсҳои онҳо дар зеҳни кӯдакон асароти номатлуб мегузорад. Ба гуфтаи вай, ин таълимот метавонад дар зеҳни кӯдакон иғвоангезӣ ва дигар андешаҳои носолимро тавлид намояд ва аз сӯи дигар, онҳоро аз таълим дар макотиб дур мекунад. М. Ғафурова бар ин назар аст, ки Тоҷикистон тамоми шароитро барои толибони илми исломӣ фароҳам кардааст ва ҷавононро мебояд аз таҳсил дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ даст кашида, дар мадрасаҳои расмӣ ва донишкадаи исломии Тоҷикистон таҳсили илм кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло як донишкадаи давлатии исломӣ ва 15 мадрасаи дигар вуҷуд дорад ва ҷавонон пас аз бозгашт ба ватан метавонанд дар ин ҷойҳо таҳсил кунанд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар чанд соли оянда теъдоди мадориси исломӣ дар Тоҷикистон то ба 68 адад афзоиш ёбад.
Аз сӯйи дигар, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, низ зимни нишасти матбуотиаш гуфтааст, донишҷӯёне, ки аз кишварҳои исломӣ ба ватан бармегарданд, метавонанд дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили худро идома диҳанд. Вай ҳамзамон ҳушдор додааст, донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло ҳам дар мамолики исломӣ таҳсил мекунанд, мумкин аст ба гурӯҳҳои тундрав пайваста ва мафкураву ақидаҳояшон “заҳролуд” шавад.

Гурӯҳҳои тундгаро ва таъсири онҳо ба толибони илм
Дар ҳамин ҳол, профессор Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, дар бораи гурӯҳҳо ва ё кишварҳои сармоягузори паҳнсозии ақидаҳои тундгароёнаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон санаде зери даст нест, аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯйи шогирдони мадрасаву донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ мекунанд, ки гуфта мешавад, ин ақоид маҳз тавассути онҳо ба Тоҷикистон интиқол меёбанд. Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, “мақомот тахмин мезананд ва ҳадсзанияшон бепоя ҳам нест, ки бар асари бештар шудани теъдоди муҳассилини донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ва баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргаштани бархеи онҳо, теъдоди пайравони равияҳои тундгаро афзоиш ёфтааст”.
Абдунабӣ Сатторзода фаъолияти равияҳои “Салафия” ва “Ҷамоати таблиғ”-ро намунаи паҳн кардани ақоиди тундгароёна дар кишвар тавассути муҳассилини мадрасаву донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ мехонад ва мегӯяд, ки агар мақомот сари вақт ба ин қазия расидагӣ намекарданд, сар задани бенизомиҳо бар пояи мухолифати мазҳабӣ аз эҳтимол дур набуд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомоти расмии кишвар таъйид кардаанд, ки бисёре аз ҷавонону наврасони тоҷик маҳз бо миёнаравӣ ва зери таъсири аъзои созмони расман мамнӯъи «Ҷамоати таблиғ» ба донишгоҳҳои исломии хориҷӣ роҳ ёфтаанд. Ахиран Маҳмудулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, гуфт, ки “Ҷамоати таблиғ” ҳамчунин дар ба сурати ғайрирасмӣ фиристодани чанд ҷавони данғарагӣ ба кишварҳои исломӣ даст дорад. Вай афзуд: “ин миёнаравҳо дар ивази кори худ маблағҳои махсус гирифтаанд. Бачаҳое, ки миёнарав шудаанд, узв ё пайрави ҳамон “Ҷамоати таблиғ”, аз ҳиндуҳо, будаанд. Аз ҳамин ҷо кӯдаконро бо роҳи фиребу таблиғ бурдаанд ба хориҷа. Ду ҷавонро бо ҳамин роҳ ба Покистон бурдаанд. Баъзе аз онҳо мансабдор ҳастанд, дар сохторҳои давлатӣ кор мекарданд, ки миёнаравӣ карда, ҷавононро гирифта бурдаанд, бе розигии вазорати маориф ё кумитаи дину донишкадаи исломии Тоҷикистон…”

“Масҷиду таълими динии хонагӣ кӯдаконро аз мактаб дур мекунад”
Умуман, дар соли ҷорӣ бори аввал нест, ки мақомоти интизомӣ ва ҳукумати вилояти Хатлон даъватҳо ва талошҳо барои манъи таълимоти ғайрирасмӣ ва хонагии кӯдакон ва ҳамчунин манъи онҳо аз масоҷид мекунанд. Тобистони имсол аз Шӯрои уламо ва имом-хатибони масоҷиди минтақа ҳам тақозо шуда буд, ки ба вуруди ноболиғон ба масҷидҳо монеъ шаванд. Масъулони раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шарҳи сабаби ин муроҷиат ва тақозои худ гуфтаанд, ки ба маҳзи равуои кӯдакон ба масоҷид дар соатҳои таълим дар мактабҳо, мизони иштироки муҳассилон дар дарсҳо поин рафта, сатҳи дониши ноболиғон низ коста шудааст. Яке аз масъулони идораи маориф гуфта буд: «Аз бародарон, уламои дин илтимос мекунам, ки кӯдакони моро аз масҷид берун кунанд. Чӣ мешуд, ки онҳо ба масҷид кӯдакону ноболиғонро дастаҷамъона роҳ намедоданд? Чунки тарбия сиёсат аст. Қонун ҳаст, ягон кас ҳуқуқ надорад, ки як сония ҳам ба дарси хонандаи мактаб дахолат кунаду ба нарафтани ӯ ба мактаб сабаб шавад. Албатта, вақте таблиғу ташвиқ ҳаст, кӯдак ба масҷид меравад. Ҳамчунин хуб мешуд, ки ҳамин таълими динӣ ҳам дар хонаҳои худашон аз тарафи волидон гирифта мешуд, чунки мо бисёр гап мешунавем, кӯдакон дар дарс нестанд, кӯдакон дар хонаи ҳар кас таълим мегиранд…»

Манъи кӯдакон аз вуруд ба масҷидҳо
Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти вилояти Хатлон барои ҷилавгирӣ аз вуруди ноболиғон ба масоҷид натанҳо пешниҳоду хоҳиш мекунанд, балки аз чораҳои муассире ҳам кор мегирифтаанд. Маҳмадалӣ Салимов, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РКД-и Хатлон, мегӯяд, таблиғ ва даъвати ноболиғон ба масҷид аз сӯйи имом-хатибону уламои дин дар бисёре аз шаҳру навоҳии минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб роҳандозӣ шудааст. Вай афзуд, ҳамчунин мавридҳои дар манзили зист таълими исломӣ гирифтани кӯдакон дар иддаое аз навоҳии минтақа ба мушоҳада расидааст, ки ба онҳо афроде, ки иҷозатномаи махсуси муассисаҳои расмии динӣ ва маориф надоранд, бар асоси барномаҳои номуайяни таълимӣ дарс мегӯянд.
Ва аммо Эшони Саидҷони Собитзода, раиси шӯрои уламои вилояти Хатлон, мегӯяд, имом-хатибон ва донишмандони ислом, ки узви шӯрои уламои минтақа ҳастанд, ҳамагӣ афроди таҳсилдида буда ва умури махсус ё ғайрирасмии таблиғотӣ барои ҷалби кӯдакон ба ибодат дар масоҷид намебаранд. Вай афзуд: «Мо кӯдаконро “масҷид биё” намегӯем. Мо ҳамон вақт ба онҳо иҷозаи вуруд ба масҷид медиҳем, ки дарсашонро хонанд, баъд биёянд. Мо мадрасаи занонаи қонунӣ дорем, ки 8 сол боз фаъолият мекунад. Мадрасаҳои мутавасситаи қонунӣ дорем. Духтарон ва писарон, бо иҷозат ва розигии волидонашон, вақте ба 16-солагӣ расиданд, пас аз дарёфти шаҳодатнома дар бораи хатми синфи 9-и мактаб, барои таҳсил дар ин мадраса метавонанд биёянд. То вақте, ки ман зиндаам, фаъолият дорам дар вилояти Хатлон, ягон муллои расмии мо гумроҳ намешавад. Ҳамкорӣ кунем, муллоҳоро танқид накунед…»

Ҳарос ва ҳушдори мақомот
Бо ин ҳама иддае аз кормандони идораҳои давлатӣ ишора мекунанд, ки афзоиши мизони равуои кӯдакон ба масҷид, суханрониҳои воизон ва таълимоти динии хонагӣ дар пай ҳадафҳои дигаргунсозии сохти давлатдориро дорад, натанҳо тоату ибодат. Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд: «Мақсади баъзе аз ҳамон ашхосе, ки имрӯз пайдо шудаанд, мамлакати исломӣ сохтани Тоҷикистон аст. Аммо мо кишвари соҳибистиқлолу демократию дунявӣ дорем. Дар чаҳорчӯбаи қонун, ки дин аз давлат ҷудо аст, бигузор фарзандон, агар намоз мехонанд, дар хона хонанд, дину мазҳабро дар хона омӯзанд. Аммо чаро фарзандони мардумро ин хел тарбия мекунанд? Бояд ба падару модари кӯдакон гӯянд, ки фарзандатонро баред, дар хона тарбияи динӣ диҳед…»
Бо ин ҳама, мақомоти интизомӣ ва ҳукуматии Хатлон мегӯянд, барои ошкорсозӣ ва муҷозоти домуллоҳое, ки бидуни иҷозаи расмӣ дар хонаҳои худ ба кӯдакон таълими исломӣ медиҳанд ва кӯдаконе, ки ба масоҷид рӯ овардаанд, амалиётҳои вижаи худро идома хоҳанд дод. Ҳадафи мақомот ин аст, ки ба ин васила, ба мӯътадил кардани авзоъ ва ҷилавгирӣ аз тундгароиҳо дар ҷомеа муваффақ шаванд.

Вот это новость! МАНСАБДОРОН ҲАМ ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БА АРМИЯ МЕФИРИСТАНД

Беш аз 50 ҷавон аз хонаводаҳои афроди мансабдор ва ходимони давлатии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон имсол ба хизмати аскарӣ фиристода хоҳанд шуд.

Раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён Абдулмӯъмин Улфатов аз тамоми кормандони ҳукумат тақозо кардааст, дар навбати аввал фарзандону ақрабои худро, ки синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ мебошад, равонаи Артиши миллӣ карда, баъдан ҷавонони маҳаллиро аз оилаҳои миёнаҳолу қаторӣ ба адои хизмати сарбозӣ ташвиқ намоянд.

Ҷаноби Улфатов гуфт, ин талаби ҳукумати маҳаллӣ ҷиддист ва дар сурати инкори он, шахси мансабдор аз мақомаш барканор хоҳад шуд:

«Ин ягон гапи ҳавоӣ нест, ин талаби мо дар кӯча намемонад. Ман инро дар ҷаласаҳои ҳукумати ноҳия ҳам дар ҳузури ҳама мансабдорон гуфтаам, кадом одаме агар ба ҳамин талаби мо беэътиноӣ кунад, вай дар сохтори давлатдорӣ кор намекунад. Мо ба ҳамин тарз бояд амалан исбот кунем, ки тарафдори давлат мебошем. Ин гапи шӯхӣ нест. Мансабдорон бояд то ҷиянҳои худашонро ҳам ба артиш фиристанд. Ҳоло баъзеҳояшон гуфта истодаанд, ки фарзандҳо ё ҷиянашон дар мактаби олӣ таҳсил мекунанд. Мо аз онҳо талаб кардем, ки аз донишгоҳ маълумотномаи расмии тасдиқкунанда биёранд…»

Ҳоло ҳукумати ноҳияи Қубодиён феҳрастеро иборат аз асомии беш аз 50 ҷавоне, ки аз хонаводаҳои афроди мансабдору ходимони давлатианд, тартиб додааст. Ба раисони ҷамоат ва дигар масъулони комиссияҳои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиш дастур дода шудааст, ки сароғоз фарзандони худ ва баъдан фарзандони мардумро ба хизмати низомӣ ҷалб кунанд.

Маҳмадраҳим Ҷӯраев, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта сокинони маҳаллӣ монеъи ҷалби фарзандонашон ба артиш намешуданд, аммо баъд аз ҳаводиси маълуми шарқи Тоҷикистон, бархурди одамон ба ин масъала бакуллӣ тағйир ёфтааст.

Ҷаноби Ҷӯраев афзуд, ба хотири итминон додани мардум барои бехатарии хизмат дар сафи Артиши миллӣ, вай 2 нафар аз додарзодаҳояшро ба хизмати аскарӣ гусел кардааст:

«Вақте ки ҷасади ду сарбози кушташударо аз Камароб ба ҷамоати мо оварданд, чунки онҳо аз ҳамин ҷо ба хизмат рафта буданд, аз ҳамин сабаб одамон дигар фарзандошона намонданд, ки ба аскарӣ раванд. Мо ба хулосае омадем, ки ба халқ фаҳмонем, мана якум шуда аз бачаҳои худамон, аз ҷиянҳоямон сар карда ба измат фиристем. Писарони худам ҳоло ноболиғанд, аммо ду ҷиянамро, ки якеаш 19 ва дуввумӣ 20 сол дошт, ба хизмат гусел кардам, то ки барои мардум намуна шавад. Пештарҳо нағз буд, ки ҳама ҷавонон аз ҳудуди ҷамоати мо ихтиёран мерафтанд ба хизмат, аммо баъди ҳамин воқеаҳои Рашт. Маъракаи сафарбарӣ кунд шуд, халқ ба ваҳм афтод, ки ҳозир бачаи моро ба армия мебаранду якбора ба оташи ҷанг меандозанд…»

Комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳияи Қубодиён тасмими ҳукумати маҳаллиро барои ҷалби фарзандони афроди мансабдор ба хизмати низомӣ пуштибонӣ мекунад.

Зиёдалӣ Эргашев, раиси комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба аскарӣ, ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, аз шикояту ишораҳои сокинони маҳаллӣ огоҳ аст, ки ҳар гоҳе дар мавриди аз хизмати ҳарбӣ канор мондани фарзандони афроди доро ва мансабдор ва ба Артиш равон шудани танҳо ҷавонон аз оилаҳои нодору ба истилоҳ, «бепушту паноҳ» сӯҳбат мекунанд. Ҷаноби Эргашев афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба чунин ишораҳои мардум ва бо тақозои раиси ҳукумати ноҳия, худи вай низ писарашро ба аскарӣ гуселонидааст:

«Дар ҳақиқат, гуфти раиси ноҳия рост ва дуруст мебошад. Фарзанди манн худаш, бо дастони худаш аризаро навишта, ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ман худам пеш-пеш карда гусел карда будам. Ҳоло сарам баланд аст ва акнун ҳар бор аз мардум ҳам бо дили пур даъват мекунам, ки писаронашонро ба армия фиристанд. Мардуми оддӣ хавф кашида истодааст, ки ҳоло дар Рашт вазъият бад аст. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки фарзандони шуморо якбора ба майдони ҷангу хавфнок намебаранд, аввал онҳоро омӯзиш медиҳанд, 6 моҳ-як сол хизмат мекунанд…»

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳоло иддае аз афроди мансабдор бо таъкид ба ин ки фарзандон ва ақрабои онҳо низ ба хизмати низомӣ рафтаанд, ҷавононро иҷборан ба Артиш ҷалб мекунанд.

Хонуме, ки худро Соҳиба муаррифӣ кард, мегӯяд, писари 19-солаи ӯро, сарфи назар аз ин ки донишҷӯи омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ буд ва набояд то поёни таҳсилаш ба артиш ҷалб мешуд, иҷборан, ба истилоҳ «облава» карда, ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд.

Бо ин вуҷуд хонум Назарова мегӯяд:
«Талаби раиси ноҳияи Қубодиён дар мавриди ҷалби фарзандони ходимони давлатӣ ва кормандони ҳукумат ба Артиши миллӣ то ҷое адолати иҷтимоиро таъмин мекунад, ба шарте ки софдилона ба иҷро бирасад…»

Ва аммо раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён Абдулмӯъмин Улфатов дар посух ба ин суоли радиои Озодӣ – «Оё худи Шумо ҳам писар ва ё ақрабои наздикатонро, ки қобили хизмати ҳарбӣ ҳастанд, ба Артиш гусел кардаед?», — гуфт:

«Фарзанди ман бинобар як писар буданаш, имтиёзнокай. Ҳам институт мехонад, ҳам як бача аст. Худам хизмат кардагиям дар Муғулистон. Ҷиянҳоям ҳама схизмат кардагиай, ҳам схизмат кардестай…»

Ба итилоъи комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён, то имрӯз нақшаи сафарбарии ҷавонони ноҳия ба Артиши миллӣ наздик ба 40 дарсад иҷро шудааст. Мақомоти ноҳия мутмаинанд, ки бо ҷалби фарзандони афроди мансабдор ба сафи Артиш нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон пурра ба иҷро хоҳад расид.

АФСАРОН ҲАМ БА ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР МУТТАҲАМ МЕШУДААНД

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон ду корманди масъули нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бар асоси чаҳор банди кодекси ҷиноятии кишвар, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва сӯйистифода аз мақоми хизматӣ муттаҳам дониста, онҳоро барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Муовинони собиқи раиси дидбонгоҳи сарҳадии воҳиди низомии марбут ба Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Панҷ — прапоршик Маҳмадалӣ Абдуллоев ва капитан Садриддин Муродалиев бо ҳукми додгоҳ мутаносибан 17 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Ба гуфтаи додраси мурофиа Луқмон Раҷабов, афроди муттаҳам бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ барои қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба воситаи дарёи Панҷ мусоидат кардаанд.

Зимни эъломи ҳукм ҷаноби Раҷабов гуфт:

«Суд дар вақти таъини ҷазо инро ҳам ба инобат гирифт, ки судшавандаҳо хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон буда, вазифаи хизматии онҳо аз ҳифзи марзу буми ин давлат иборат буда, онҳо бояд бо қочоқу сарҳадшиканӣ ва ашхоси амнияти давлатро халалдор мекарда мубориза баранд. Вале онҳо ин ҳамаро сарфи назар карда, манфиатҳои моддию шахсии хешро аз ин арзишҳо болотар гузоштаанд».

Ба иддаои мақомоти додситонӣ, афроди муттаҳам, ки дар воҳиди низомии наздимарзӣ дар ноҳияи Панҷ ба ҳайси муовини сардор кор мекарданд, аз як шаҳрванди ҷумҳурии исломии Афғонистон чоруним кило ҳашиш харидаанд ва барои ҳар як килои ин навъи маводи мухаддир 150 доллари амрикоӣ додаанд. Аммо дар миёнаҳои моҳи апрели имсол баъд аз фурӯши маводи мухаддир ба як сокини ноҳияи Панҷ, афсарони нерӯҳои марзбонӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин ин фарзияро низ таҳқиқ кардаанд, ки то куҷо афсарони боздоштшуда бо сохтани ба истилоҳ коридор ё гузаргоҳ барои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр то ба Русия ва кишварҳои ғарбӣ мусоидат мекардаанд.

Дар гузаштаи начандон дур ожонсии зидди маводи мухаддири вилояти Хатлон гуфта буд, ки дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии кишвар афроди мусоидаткунанда ва ҳамдасти гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар низ ҳастанд. Боқӣ Абдуллоев, як масъули Ожонсии зидди маводи мухаддири кишвар, мегӯяд, пӯшида нест, ки баъзан ин гурӯҳҳои созмонёфтаи байнулмилалӣ бо мусоидат ва пуштибонии иддае аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ маводи мухаддирро гардиш медиҳанд:

«Ҳар як гурӯҳи муташаккил, албатта, бо қочоқбарони ҷумҳурии исломии Афғонистон робитаи зич доранд. Бо рахна кардани марзу буми Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад бо кишвари мо маводи мухаддирро кӯшиш мекунанд, ки интиқол диҳанд. Албатта, ҳар як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар, ки ба қайд гирифта шуд, ҷиддан таҳқиқ мешавад, ки ҳомиёни чунин гурӯҳҳо киҳоянд, аз ҷониби кӣ пуштибонӣ меёбанд, робитаҳо ва маблағгузоронашон низ мавриди тафтиш қарор мегиранд…»

Ва аммо афсарони маҳкумшуда ба зиндон дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамдастии худро ба чунин гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқбар рад карданд.

Бо ин вуҷуд, додгоҳ онҳоро аз рутбаҳои низомӣ ва ҳуқуқи ишғоли мансабҳои масъул ва фармондеҳӣ дар хадамоти марзбонии Тоҷикистон маҳрум кард. Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ, амволи афроди маҳкум ба зиндон мусодира гардида, онҳо дар колонияҳои ислоҳии низомаш шадид нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Вакилони мудофеъи ҳуқуқи Абдуллоев ва Муродалиев аз шарҳи ҳукми додгоҳ худдорӣ карда, танҳо ҳамин қадар гуфтанд, ки бо ин ҳукм ризо нестанд ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Ҳомиёни ҳуқуқи собиқ мансабдорони нерӯҳои марзбонӣ барои пешниҳоди даъвои худ ба додгоҳи зинаи болоӣ даҳ рӯз мӯҳлат доранд.

Дар вилояти Хатлон ин якумин мавриди боздошти хидматчиёни низомии нерӯҳои марзбонӣ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир набудааст. Соли гузашта ҳам дар Хатлон як афсари марзбон бо қочоқи 8 кило маводи мухаддир дастгир шуда буд.

Дар соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ 448 кило маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ берун кашида шуда, дар робита ба қочоқбарон 97 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст.

«АГАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ПУЛ НАЁБАД…»

Бо таваҷҷӯҳ ба харобкориҳои селу обхезии баҳори имсола ва хатарҳои эҳтимолии такрори он дар оянда, мақомоти обу обёрии Тоҷикистон ва бахшҳои соҳилбандии кишвар аз ҳукумат хостаанд, барои аз пеш омодагӣ гирифтан ва мустаҳкам кардани сарбандҳо ва соҳилҳо маблағи бештар дар буҷаи соли оянда ихтисос диҳад.

Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, бо таъкид ба зарурати афзоиш додани мизони сармоягузории умури соҳилбандӣ дар мавзеъҳои зери хавфи ҷануби Тоҷикистон гуфт, агар хисороти расида бар асари офати табиӣ дар шаҳри Кӯлобро сарфи назар кунем, обхезии дарёҳо ва сели имсола наздик ба 132 миллион сомонӣ ба мардуми Хатлон ва давлат зиён овардааст, ки дар қиёс бо як соли пеш 100 миллион сомонӣ бештар будааст.

Ҷаноби Шарифов афзуд, селу обхезиҳо ҳамчунин ҷони 22 нафарро даррабуд ва як нафари дигарро бенишон кард.

Имсол дар қаламрави вилояти Хатлон ҷамъан наздик ба 500 ҳолати изтирории дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ рух додааст, ки нигарониҳои ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаро ба бор овардааст. Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, мегӯяд:


«Агар Ҳукумати Тоҷикистон аз бонкҳо ё аз ташкилотҳои сармоягузору молиявии давлатию байналмилалӣ маблағи кофӣ барои корҳои соҳибмустаҳкамкунӣ пайдо накунад, ба ҳама маълум аст, ки дар 2-3 соли ахир, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон хатари зериобмонӣ таҳдид мекунад. Имрӯз қисми ҷанубии Тоҷикистон, асосан дарёҳои Сурхобу Ёхсу, пур шудаанд, соҳилҳо хароб гаштаанд, барои он ки аз солҳои 80-уми асри гузашта то имрӯз соҳилҳо таъмира дидагӣ нестанд. Он симтӯрҳое, ки сохта шуда буданд, ҳоло вақти истифодаашон гузаштааст, вайрон шудаанд, аз сабаби он ки маблағ барои ивази онҳо нест. Фикр мекунам, Ҳукумати кишвар бояд зарур донад, ки маблағ бояд дарёфт шавад, то соҳилҳо мустаҳкам карда шаванд. Зеро соҳилҳо харобу бениҳоят хатарнок шудаанд…»

Табиатшиносон мегӯянд, ҳар даҳсола ҳарорати ҳаво то 3 дараҷа боло рафта, сатҳи оби дарёҳо низ меафзояд. Азбаски соҳили дарёҳои азими ҷануби Тоҷикистон дар 30 соли ахир ба сурати лозим ва комил мустаҳкам нашудаанд, бавижа дар баҳору тобистон хатари селу обхезӣ бамаротиб боло рафтааст, ки хароб шудани даҳҳо манзили зист дар Кӯлоб ва ҳамин гуна 22 манзил дар мавзеъҳои наздик ба рӯди Вахши ноҳияи Ҷомию 20 манзил дар ноҳияи Бохтар далели ин иддаост.

Аммо бархе аз мутахассисон ва афроди зарардида аз офати табиӣ мегӯянд, ҳодисаҳои ахири обхезӣ нишон дод, ки маблағро идораҳои масъул дуруст ва босамар истифода накарда, ба ришват мезананд, ки дар натиҷа мавзеъҳои ислоҳталаб таъмирношуда боқӣ мондаанд. Аҳмади Иброҳим, яке аз садҳо нафари бехонамонда дар асари селу обхезии моҳи май дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, агар соҳилҳои рӯди Ёхсу саривақт мустаҳкам ва сангҳояш ғундошта мешуд, ба гумони ғолиб, ҳоло зарурат набуд, ки барои одамон дар мавзеъҳои беоби дур аз шаҳр манзил сохта шавад:

«Алҳол, ки ба одамони зарардида дар мавзеъҳои беобу нообод, дар рӯйи хоктӯдаҳо хонаҳои зебою барҳаво сохта доданд, мардум аз сабаби азоби беобӣ, обкашонӣ ва дур аз шаҳр будан, одамон дарҳояшонро қуфл зада, ба ҳамон вайронаҳо, хонаи бобоии баҳорон харобгаштаашон баргаштанд…»

Дар ҳамин ҳол, ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон мегӯяд, барои поккорӣ ва соҳилбандии рӯдҳои Сурхобу Ёхсу ва беҳсозии системаи ирригатсионӣ дар водии Кӯлоб 2 миллион сомонӣ ва 7 миллион евро аз ҷониби мақомоти ҳукумати кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ихтисос дода шудааст.

Ҳотамшо Шарифов, раиси ситоди мазкур, гуфт, феълан 21 деҳа дар ноҳияи Восеъ, 10 русто дар Кӯлоб, бахши азами рустоҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, деҳаҳои наздик ба дарёҳои Панҷу Вахш дар навоҳии Бохтару Ҷомӣ зери хавфи обхезӣ қарор доранд. Ҷаноби Шарифов дар робита ба сабаби афзоиши хатари обхезӣ дар чанд соли ахир дар Хатлон гуфт:

«Солҳои пеш азбаски сохтмонҳо бисёр буданд, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ кор мекарданд, автобазаҳо буд, идораҳои роҳсозӣ буд, ҳамин санги дарёҳо кашида шуда, дар заводҳои сангмайдакунӣ майда карда мешуданд, дар бунёди роҳҳо истифода мешуданд. Аз ҳамин ҳисоб буд, ки сангҳо дар дарё пур намешуданд. Ҳоло ки сохтмонҳо кам шудаанд, низ ҳам ба санг кам шудааст, танҳо дар 2-3 ҷо карйер месозанд ва аз мамон ҷо кам-кам санг мегиранду истифода мекунанд, дигар санг пур шуда истодааст дар рӯдхонаҳо. Об, ки аз боло, аз кӯҳҳо сангҳоро шуста ба поёон ҷорӣ мекунад, сатҳи би дарёҳо баланд мешавад, дамбае, ки мо месозем, масалан агар ба баландии 5 метр бисозем, дар давоми 2-3 сол як метр сатҳи об боло меравад…»

Бо назардошти хатари такрорёбии селу обхезӣ дар баҳору тобистони оянда, ҳукумати кишвар ба чунин қарор расидааст, ки дар се моҳи оянда Барномаи давлатии умури соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015-ро, бо назардошти ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳия кунад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон 947 дарё ва 276 сой бо дарозии умумии 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки дар баробари манбаи обтаъминкунӣ будан, ҳамчунин сарчашмаи офатҳои табиӣ унвон мешаванд.

Фотима ва 7 фарзанди нохондаи ӯ

Дар Тоҷикистон то ҳанӯз оилаҳое ба сар мебаранд, ки ҳама аъзо таҳсилнодидаанд ва бо ин вуҷуд, рӯзгори осудаву таъмин доранд. Фотима Давлатёрова, як зани тақрибан 50-сола аз деҳаи дурдасте дар ноҳияи Балҷувон аст, ки мегӯяд, 7 фарзанди болиғи нохонда дорад. Азбаски дар деҳае, ки ин хонавода ба сар мебарад, дабистоне мавҷуд набуда, наздиктарин мактаб 5 километр дуртар аз маҳалли иқомати онҳо воқеъ аст, кӯдакони ин деҳа наметавонанд дар он таҳсил кунанд.

Сокинони деҳаи дурдасти мавсум ба Ниса дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мегӯянд, бахши аъзами кӯдакони ин русто дар ҳеҷ мактабе таҳсил накардаанд ва хату савод надоранд. Деҳи мазкур аз маркази ноҳияи Балҷувон дастикам 40 километр ва аз шаҳри Душанбе, пойтахт, беш аз 240 километр дуртар воқеъ буда, дар наздикии он на дабистоне ва на бунгоҳи тиббӣ мавҷуд набудааст.

Фотима Давлатёрова, зани тақрибан 50-солаи сокини деҳаи Ниса, мегӯяд, ҳеҷ яке аз 7 фарзанди болиғаш ба сабаби набуди дабистон таҳсил накардаанд ва хату саводи андак ҳам надоранд:

«Кӯдакони мо мактаб намехонанд, тамоман савод надоранд, ҳарфро ҳам намешиносанд. Ҳамин 7 кӯдак дорем, таҳсил намекунанд, охир мактаб дар ин наздикиҳои мо нест. Ҳамаашон армони таҳсил кардан доранд. Фарзанди калониам, агар ба ҳамсолонаш дар шаҳру район нигоҳ кунем, ҳоло мебоист ба синфи 10-ум биравад. Ӯ ва ҳамсолонаш аз деҳаи худамон ҳам мактаб надоранд, саросар бесавод мондаанд. Духтур нест, мактаб нест, роҳҳоямон харобу валангор. Ба мактаби дигар рустоҳо ҳам рафта наметавонанд, дур аст бисёр, дарё мегузарад, азоб аст рафту омад, бемор мешаванд. Бисёр зиқ мешавам гоҳо, аммо чора надорем…»

Хонум Давлатёрова меафзояд, худи ӯ ва шавҳараш дар мактаби Шӯравӣ таҳсил карда, ҳар боре ба фарзандон қисса мекунанд, ки он замон соҳибхатту савод шудан барои кӯдакони деҳаҳои дурдаст ҳам осон даст медод. Ба гуфтаи сокинони деҳаи Ниса, наздиктарин дабистон 5 километр дуртар аз маҳалли иқоматашон воқеъ буда, ба сабабии дурии роҳ, харобии ҷодаҳо ва набуди васоили нақлия, кӯдакони ин деҳа ба он мактаб рафта наметавонанд.

Умед Давлатёров фарзанди дуввуми хонум Фотима аст, ки агар толибилми мактаб мебуд, ҳоло мебоист дар синфи 9-ум таҳсил мекард. Вай мегӯяд, ба ҷуз аз иншои ном ва насабаш, ки аз падар ёд гирифтааст, ҳарфи дигаре рӯйи коғаз навишта наметавонад:

«16-солаам. Хай, хондаву навишта наметонам, шарм медорам, аммо ҳама ҷӯраҳоям ҳам хондагӣ нестанд. Корамон мамин чорводорӣ ва боғдорӣ аст. Орзу дорам, ки дар оянда соҳиби мактаб шавему хату савод ёд гирем…»

Меҳрӣ Каримова, як сокини дигари ҳамин деҳ, мегӯяд, замоне духтараш дар маркази ноҳия дар хонаи пайвандон мезист ва дар мактаби маҳаллӣ таҳсил мекард. Аммо ҳоло ки имконияти молӣ даст намедиҳад, хонум Меҳрӣ водор шудааст, ки духтарашро бо худ ба деҳа биёрад, деҳае, ки таълимгоҳ надорад ва аксари кӯдакон хонашин ҳастанд:

«Духтари ман ҳоло бояд дар синфи 6 хонад, аммо аз синфи 4-умияш баровардем. Шароит надоштем, ки ӯро дар маркази ноҳия ё шар фиристем, то ки таҳсил кунад. Хату саводаш бад нест, хуб таҳсил мекард, донишаш ҳайф меша вад, аммо чӣ кунем, ки мактаб нест. Мактаби наздиктарин 4-5 километр дур аст, он ҷо кӯдакони бечора аз куҷо рафта омада метавонанд?!»

Ба мисли деҳаи Ниса дар ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон тақрибан 30 рустои кӯчак ва дурдасти дигар мавҷуд аст, ки дорои мактаб нест ва наврасони ин деҳаҳо шароити таҳсил кардан надоранд ё имкони бисёр маҳдуд доранд. Идораи маорифи вилояти Хатлон дар пешниҳоди маълумоте дар бораи шумораи дақиқи кӯдаконе, ки дар рустоҳои канории Балҷувон (ва кулли вилояти Хатлон) аз таҳсил дур мондаанд, оҷизӣ мекашад.

Бо вуҷуди ин ҳама, агар ҳам ҳеҷ кадоме аз 7 фарзанди Фотима Давлатёрова ва фарзандони сокинони дигари деҳаи Ниса мактаби миёнаро хатм накардаанд, ва гузашта аз он, аслан ба мактаб нарафтаанд, онҳо феълан бо ҳунарҳои мухталиф, мисли боғдорию кишоварзӣ машғул буда, аз он ҳисоб зиндагии осуда доранд ва дар орзуи таъсиси мактабу бунгоҳи тиббӣ ва бунёди роҳҳои мошингузару хатҳои барқ рӯзи худро пушти сар мекунанд.

ИШҚИ НОКОМИ ЛЕЙТЕНАНТИ ТОҶИК ВА ДУХТАРИ ТУРКМАН

Ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати мудофиа дар дараи Камароб, ки боиси марги 26 афсару сарбоз гардид, ҳамчунин бахти ду дилдода — ҷавони тоҷик ва духтари туркманро аз ҳам гусаст. Аз шаҳри Тулаи вилояти Маскав як ҷавондухтари туркман ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба зиёрати қабри ҷавоне омад, ки дар амалиёти Камароб дар мошине, ки ба оташ кашида шуда буд, кушта шуд.

Дар миёни даҳҳо ҷавони кушташудаи тоҷик ҳамчунин Давлатҷон Гиёев, лейтенанти 23-сола аз шаҳри Сарбанд, низ буд, ки қасди бунёди оила бо ҷавондухтари туркмантабор дошту мехост имсол дар зодгоҳаш базми арӯсӣ барпо кунад.

Ишқи ноком

Давлатҷон бо Ҷаннат Худойназароваи 21-сола, донишҷӯи донишгоҳе дар шаҳри Тулаи Русия, ки зодаи Ишқободи Туркманистон аст, дар Маскав ба ҳангоми таҳсилаш дар донишкадаи ҳарбии ин шаҳр ошно шудааст. Баъд аз талошҳои бардавом барои бадастории дили духтари туркман, онҳо ба ҳамдигар аҳди дӯстӣ баста ва ваъдаи ақди никоҳ карда буданд.

Ҷаннат мегӯяд, дӯстписараш Давлатҷонро барои инсони комилу муаддаб буданаш дӯст доштааст:
«Ба ман бештар хислати Давлатҷон писанд буд. Вай ҳамеша аз худ ҳамчун ҷавони чолок, ҳузарб, ба қавлаш устувор, маданӣ, нисбат ба бонувон боэҳтиром дарак медод. Давлатро беадолатӣ, ноҷавонмардӣ бисёр нороҳат мекард, вай ҳақталош буд, кӯшиш мекард, ки ба атрофиён ҳамеша судманд бошад, кӯмак расонад…»

Пас аз хатми донишкадаи ҳарбии Маскав, дар моҳи июни соли ҷорӣ, Давлатҷон Гиёев бо дарёфти рутбаи лейтенантӣ ба Тоҷикистон баргашт, аммо қабл аз бозгашт ҳамроҳ бо духтари туркман Ҷаннат паймони хонадорӣ бастанд. Ҷаннат мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки дар курси севвуми донишгоҳ таҳсил мекунаду ҳоло мактаби олиро хатм накардааст, омода буд, бо тоҷикписар издивоҷ кунад:

«Бори охир ӯро 16-уми июни ҳамин сол дида будам. Он рӯз Давлат дипломашро гирифт ва аз Тула ба зодгоҳаш – Тоҷикистон баргашт. Мо аҳд баста будем, ки бояд наздикиҳои зимистон ман ба Тоҷикистон омада, бо ҳам базми арӯсиамонро меоростем. Волидонам ва ҳама ақрабои ман дар Ашқободи Туркманистон ману Давлатро ба ҳам ҷуфти муносиб медонистанд ва ба пайванди мо зид набуданд. Аммо тақдир ҳамин будааст, ки ҳодисаҳои Камароб маро аз Давлатҷон ҷудо кард».

Хати сиёҳ

Ҷаннати дилшикаста меафзояд, баъди бозгашти дӯстписараш ба Тоҷикистон, бо вай иртиботи ҳамешагии телефонӣ дошт. Аммо дар моҳи сентябр робитааш бо Давлатҷон якбора қатъ шуд. Изтиробе, ки дар дили Ҷаннат пайдо шуда буд, пас аз шунидани хабари марги муфоҷои Давлат ба дарди тоқатфарсое мубаддал гашт:

«Бо шунидани хабари марги Давлат, пеши чашмонам сиёҳӣ зад, дар як лаҳза тамоми зиндагии гузаштаам мисли навори филм пеши чашм омад. Эҳсос кардам, ки қалбам аз тапиш бозмонд. Бисёр ашк мерехтам. Тамоми хобгоҳамон ба по хест, бароям ёрии таъҷилии тиббиро даъват карданд. Тамоми шаб хобам намебурд, ҳама бароям арзи тасаллият мекарданд, чун дар бораи достони ишқи мо медонистанд. Дилам тоқат накард ва барои зиёрати қабри ӯ омадам ба Тоҷикистон».

Дар ҳамин ҳол, Ҳалимабону Гиёева, модари Давлатҷони марҳум мегӯяд, истиқболи Ҷаннат – ҷавондухтаре, ки ба зиёрати қабри писараш омадааст, барояш осон набуд. Зеро вай мехост, ки Ҷаннатро ҳамчун арӯси хонадон бубинад ва қабул кунад. Хонум Гиёева афзуд, писараш ҳар боре аз арӯси туркмантабораш дар Маскав ба ӯ ҳикоят мекард ва орзу дошт, волидонашро аз хонаи иҷорае, ки ҳоло сукунат доранд, ба манзили нави шахсӣ кӯчонида, арӯсашро ҳам ба Тоҷикистон биёрад:

«Ба умеди ҳамон бачам будем. Мегуфт, ки очаҷон, як-ду моҳи дигар тоқат кунед, ман донишкадаро тамом мекунам, кор мекунам, хонатон мегирам, то дар хонаи худамон зиндагӣ кунем. Ҳайфи писарам. Ҳамин чанд моҳ пеш омаду дар Душанбе ба кор даромад. Аммо зиёд кор накард, ки хабари маргаш расид…»

Армонҳои Давлатҷон

Ҷаннат Худойназарова, ҷавондухтари туркмантабор, низ мегӯяд, Давлатҷон Гиёев ба ӯ ҳамеша аз розу орзуҳояш мегуфтааст: «Вай бисёр орзу дошт, ки барои волидонаш манзили зист бихарад, соҳиби хонаву дари худ бошад, мехост мошини замонавӣ дошта бошад. Давлат мехост, ки мо оилаи хушбахту устуворе ташкил диҳем. Вай намехост, аз падару модараш дур равад, онҳоро тарк кунад. Мо ба чунин қарор расида будем, ки дар Тоҷикистон, ҳамроҳ бо волидонаш зиндагӣ кунем».

Ҷаннат меафзояд, ба Тоҷикистон дар пайи ошноӣ бо Давлатҷон алоқамандӣ пайдо кардааст. То он замон вай дар бораи Тоҷикистон танҳо ҳамин қадар медонист, ки ин кишварест дар Осиёи Марказӣ.

Аммо баъдтар, ба Тоҷикистон дил баст, ҳатто ба омӯзиши фарҳангу забон ва анъанаҳои мардумии ин кишвар пардохт. Аммо ҳоло ки бори аввал ба Тоҷикистон омад, ин кишварро бе ҷавони орзуҳояш, бидуни Давлатҷон Гиёев дарёфт.

МАДРАСА ТАМОМ, АРМИЯ ИНТИЗОР!

Шуморе аз ҷавонони бозовардашуда аз мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷӣ шомили Артиши миллии Тоҷикистон гаштаанд. Агар ҳам ба иттилоъи мақомоти вилояти Хатлон, то ин замон 14 сокини ҷавони вилояти Хатлон ба зодгоҳҳои худ баргаштаанд, дастикам се нафар аз онҳо равонаи хизмати аскарӣ дар воҳидҳои низомии кишвар шудаанд.

Тоҳирхон Раҷабов, мудири бахш оид ба корҳои дини назди ҳукумати ноҳияи Данғара, мегӯяд, азбаски ин се ҷавони бозгашта аз мадрасаҳои исломии Покистон синну соли мувофиқ ба адои хизмати аскарӣ доштанд, аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара барои пайвастан ба сафи артиш даъват шудаанд:

“Аз ҷумлаи ҳамин донишҷӯёни бозгашта се нафарашон, ки қобили хизмати ҳарбӣ буданд, ба армия сафарбар шудаанд. Ҷамъ 16 ҷавони данғарагӣ ҳоло дар кишварҳои исломӣ дар мадрасаҳои исломӣ таҳҷил мекунанд ва баъди бозгашт, шояд баъзеашон ба артиш сафарбар шаванд. Аммо ин се ҷавони бозгашта ба хизмати сарбозӣ ихтиёран, бо аризаи худашон рафтаанд ва на ҳукумат, на комиссариати ҳарбӣ онҳоро иҷборан сафарбар накардаанд ва таҳрик ҳам надодаанд…”

Ҷаноби Раҷабов афзуд, афроде, ки баъди се соли таҳсил дар хориҷа ба зодгоҳашон баргардонда шудаанд, «бо роҳи фиреб» озими кишварҳои исломӣ шуда буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои раиси ҳукумати ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев, дар фиристодани ҷавонони данғарагӣ ба кишварҳои исломӣ ё роҳбаладии онҳо, аъзои созмони мамнӯъи “Ҷамоати таблиғ” ва бархе аз мансабдорони маҳаллӣ даст доштаанд. Вале вай мушаххасан аз касе ном набурд.

М. Сайдалиев: “Мо ба онҳое, ки дар кишварҳои исломӣ ё шарқӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни илмӣ таҳсил мекунанд, кор намегирем. Танҳо онҳоеро даъват карда истодаем, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ, пинҳонӣ, бе мувофиқа бо вазорати маориф, ҳукумати маҳаллӣ ё ниҳодҳои марбутаи умури дин, ба хориҷа сафар кардаанд ва дар мадрасаҳои ба мо номаълуми динӣ таҳсил мекунанд. Мо хуб медонем, ки онҳо бо фиреб, ё миёнаравии кӣ ё киҳо ба хориҷа рафтаанд. Ҳоло мақомоти дахлдор дар ин робита кор карда истодаанд. Ин миёнаравҳо дар иваз маблағҳои махсус гирифтаанд. Бачаҳое, ки миёнарав шудаанд, узв ё пайрави ҳамон “Ҷамоати таблиғ”, аз ҳиндуҳо, будаанд. Аз ҳамин ҷо кӯдаконро бо роҳи фиребу таблиғ бурдаанд ба хориҷа. Ду ҷавонро бо ҳамин роҳ ба Покистон бурдаанд. Баъзе аз онҳо мансабдор ҳастанд, дар сохторҳои давлатӣ кор мекарданд, ки миёнаравӣ карда, ҷавононро гирифта бурдаанд, бе розигии вазорати маориф ё кумитаи дину донишкадаи исломии Тоҷикистон…”

Ба гуфтаи ҷаноби Сайдалиев, ҷавононе, ки ба ватан баргаштаанд, иқрор кардаанд, ки ба мадрасаҳои исломии хориҷӣ бо фиребхӯрдагӣ роҳ ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, як ҷавони маҳбуси тоҷик мегӯяд, воқеан замони “таҳсил”-аш дар яке аз мадрасаҳои ғайрирасмии Покистон шеваҳои ҷанг ва идораи силоҳу муҳиммоти ҷангиро омӯхта, ба Тоҷикистон бо ҳадафи анҷоми амалҳои тахрибкорӣ омада, аммо ба дасти мақомоти амниятӣ уфтодааст. Ва аз замони таҳсилаш дар хориҷа чунин ҳикоят мекунад:

“Баъди чанд вақте ки моро ба таҳсил бурданд, дар дили ман ва ман барин кӯдакону наврасон дур аз Ватан ҳеҷ асаре аз меҳри Ватан, модар, зодгоҳ ва амсоли он намонда буд. Мо фақат як чизро медонистем: мо Миллати исломем ва барои Ислом дар ҳар ҷо бояд ҷони худро нисор кунем. Ҳар коре, ки ба мо роҳбарамон мегуфт, бояд бечунучаро иҷро кунем ва барои мо муҳим набуд, ки худро дар куҷо метарконем, киро мекушем ва барои чӣ…” (Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ин наворисӯҳбати ҷавонро чанд дафъа пахш кард).

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, вазъи беҳдоштии на ҳама ҷавонони бозгашта ба ватан мӯътадил буда ва иддае аз онҳо қобили хизмати сарбозӣ нестанд.

Хизматулло Шамсов, сарпизишки беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, мегӯяд, ду нафар аз ҷавононе, ки дар мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд ва тоза ба ватан баргаштаанд, ба сабаби бемории шадид муддате зери муроқибати пизишкони ноҳия қарор доштанд.

Вай афзуд: «онҳо хеле лоғар ва бемор шуда буданд. Мо ташхис кардем, онҳо аз гуруснагӣ лоғар шудаанд. Бинобар норасоии витаминҳо, истеъмол накардани хӯроки серғизо бемор шудаанд. Агар онҳоро то табобати мо медидед, раҳми одам меомад. Мо ба волидонашон тавсия додем, ки хуб нигоҳубин кунанд, хӯроки серғизо диҳанд, дар 2-3 ҳафтаи оянда беҳтар мешаванд. Вазъи саломатиашон ҳоло мӯътадил аст”.

Сарпизишки ноҳия гуфт, ин ҷавонон, ки синни қобили хизмат дар артиш доштанд, яъне 17-18-сола буданд, дар хориҷа аз норасоии ғизо азият кашида, лоғар шудаанд, ки ин низ беморист.

Бар асоси иттилоъи додситонии вилояти Хатлон, феълан дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ беш аз 200 ҷавону навраси тоҷик аз вилояти Хатлон таҳсил мекунанд. Юсуфҷон Юсуфзода, муовини додситони Хатлон, мегӯяд, ба ҷуз ин 200 нафар, боз ҷавононе ҳам ҳастанд, ки ба таври ғайрирасмӣ дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд ва “онҳо на таълими исломӣ, балки фанатизмро меомӯзанд”.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки пас аз бозовардани ҷавонон аз мадрасаҳои исломии хориҷӣ, якбора ба сафи Артиши миллӣ пайвастани онҳо чандон қобили қабул нест. Ҷомеашинос Муҳаббат Мирзораҳимова дар ин иртибот мегӯяд:

“Ман фикр мекунам, ки яку якбора ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кардани онҳо ин боз як хатоии дигар аст. Онҳо бояд баъди бозгашт ба ватан нахуст аз курсҳои реабилитатсияи психологӣ гузаранд, равоншиносони хубе бо онҳо мудате кор кунанд, ба муҳити хона, атроф, зодгоҳашон дубора одат кунанд, мутобиқ шаванд, зеро онҳо тайи чанд сол набуданд. Баъд аз ин ҳама метавонанд ба артиш ҷалб шаванд. Дар сафҳои артиши мо пайдо шудани баъзе зухуроти номатлуб ҳам аз ҳамин таваккалӣ ҷалб кардани ҷавонон ба артиш маншаъ мегирад. Бояд дар армия ҷавононе, ки дар ҳақиқат мехоҳанд ва омодаанд, ки хизмат кунанд, сафарбар шаванд. Хизмати маҷбурӣ, баръакс, артишро аз дарун заиф мекунад…”

Ва аммо мақомоти комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мегӯянд, ҳеҷ нафаре аз ҷавонони бозовардашуда аз кишварҳои шарқӣ иҷборан ба хизмати аскарӣ сафарбар нашудаанд ва нахоҳанд шуд.

Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа, низ бар ин назар аст, ки агар ҷавонони тоза ба ватан баргашта аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати низомӣ ё озод будан аз адои хизмати сарбозиро надошта бошанд, ё нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз нашудаасту онҳо қобили хизмати ҳарбӣ ҳастанд, бидуни таъхир бояд ба сафи артиш бипайванданд:

“Нишондодҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ҳаст, ки дар он ҷо аниқ гуфта шудааст, ки кадом шахсон бояд аз хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд ва ё кадом шахсон ҳуқуқи мавқуф гузоштани адои хизмати ҳарбиро доранд, пас, ӯ лоиқ ба хизмати аскарист. Новобаста ба он ки вай дар куҷо таҳсил кардааст. Аз сӯйи дигар, агар додгоҳ ҳукм накарда бошад, мо наметавонем ҷавонеро, ки дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ таҳсил кардааст, террорист ё одами хатарнок барои ҷомеа номем…”

Мақомоти додситонии низомӣ ва низ комиссариати ҳарбӣ мегӯянд, ҳуввияти ҳар сарбозе, ки ба сафи артиш мепайвандад, аз қабл ҷиддан мавриди омӯзиш қарор мегирад ва ҷавононе, ки баъди бозгашт аз таҳсил дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ ба хизмати аскарӣ ҷалб шудаанд, низ аз чунин як санҷиш гузаштаанд.

ТАБУ!!! МАСҶИДУ БОЗОР ҶОЙИ НАВРАСОН НЕСТ!

Следующая страница →